Новости

11.12.2018

ФОРУМИ РОҲБАРОНИ МИНТАҚАҲОИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ


Рӯзҳои 4-6 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Челябинск Форуми роҳбарони минтақаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур роҳбарони минтақаҳои бештар аз 20 кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат намуда, аз имконот ва иқтидорҳои истеҳҳсолии кишварҳояшон ҷиҳати тақвияти муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба, сӯҳбат намуданд.

Ҳамзамон, мавзуҳои идома ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии минтақаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди омузиш ва баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Исмоилзода Ёқуб – муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зоҳирзода Умед – муовини раиси вилояти Хатлон ва Яъқубӣ Анвар – муовини раиси вилояти Суғд ширкат варзиданд.

 Консулӣ генералӣ дар шаҳри Екатеринбург Сафар Сафаров ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ намуда, дар якҷоягӣ дар вохурӣ ва мулоқотҳое, ки дар доираи Форуми роҳбарони минтақаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ташкил шуда буданд, имконотҳои васеъи рушди соҳаи сайёҳӣ ва шароитҳои мусоиди ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи Форуми болозикр вохурии дуҷонибаи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Челябинск – Дубровский Борис Александрович баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масоили содироти меваҷот ва сабзавот аз вилоятҳои Хатлон ва Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Челябинск, таъмини бозорҳои ҶТ бо маҳсулоти металургӣ ва мошинсозӣ, ҳамкориҳои судманд дар соҳаи гидроэнергетика ва мубодила дар соҳаи маорифу фарҳанг мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор гирифт.

Всего: 189
<< 1 2 3 4 5 6 7 8 9 .. 38 >>

Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 08.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00