Главная / Новости / Вохӯрии Консули генералӣ бо Муовини якуми раиси вилояти Қурғони Федератсияи Россия Саносян А.

Вохӯрии Консули генералӣ бо Муовини якуми раиси вилояти Қурғони Федератсияи Россия Саносян А.

26.04.2019

Вохӯрии Консули генералӣ бо Муовини якуми раиси вилояти Қурғони Федератсияи Россия Саносян А.

   Санаи 23 апрели соли 2019 дар шаҳри Қурғон вохӯрии Консули генералӣ бо Муовини якуми раиси вилояти Қурғони Федератсияи Россия Саносян А. сурат гирифт.

   Дар вохӯрии зикргардида Сардори раёсати рушди иқтисодии вилояти Қурғон Светлана Афанасева ва муовини Раиси вилояти Қурғон оид ба сиёсати иҷтимоӣ Татяна Меншикова низ иштирок варзиданд.

   Дар оғози суҳбат Саносян А. қайд намуд, ки вилояти Қурғон мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутаносибан судмандро дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, мошинсозӣ, дорӯсозӣ, сайёҳӣ ва тандурустӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. 

   Инчунин, миёни ҷонибҳо роҳу усулҳои барпо намудани муносибатҳои иқтисодӣ ва савдо, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Қурғон масъалагузорӣ карда шуданд.

   Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон дар вохӯрии болозикр сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳади миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Федератсияи Россия, ки санаи 17 апрели соли равон дар шаҳри Москва сурат гирифта буд, ҳамчун мисоли равшани муносибатҳои дӯстона ва афзалиятноки Тоҷикистону Россия номид. Дар ин радиф, Консули генералӣ ба ҳозирин имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба соҳаи сайёҳи, ки айни замон шароити мусоидро барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки нияти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданро доранд, муаррифӣ намуда, аз тартиби соддакардашудаи таҳияи раводиди навъи "сайёҳӣ" ва будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайёҳони хориҷӣ, маълумот ироа намуд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои ғании табиӣ буда, айни замон барои лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.   Дар охир, масъалаи ташрифи ҷавобии ҳайати вилояти Қурғонро барои шиносоӣ бо муҳити соҳибкории маҳаллӣ ва дар минбаъда поягузории муносибатҳои шарикӣ баррасӣ гардид.

   Дар чаҳорчӯбаи барнома ҳайати Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатии мошинбарорӣ ва дорусозии вилояти Қурғон ба монанди корхонаи мошинсозии техникаи коммуналӣ ва роҳсозии "Кургандормаш", корхонаи автобусбарории "Курганский автобусный завод", муассисаи дорусозии "Синтез" ва маркази тиббии «Восстановительной травматологии и ортопедии» ба номи Академик Г.А. Илизаров дидорбинӣ намуданд. Дар қисмати фарҳангии барномаи ташрифотӣ ҳайат бо Осорхонаи "Декабристов"-и шаҳри Қурғон аз наздик шинос шуд.


Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 08.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00