ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

15.09.2017

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Консулгарии генералӣ рӯзи 15 сентябри соли ҷорӣ дар толори “Қасри ҷавонон”-и шаҳри Екатеринбург  ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Намояндагии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар округи федералии Урал ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск, Магнитогорск, Троитск, Тюмен, Сургут, Нижневартовск ва дигар минтақаҳои Федералии Урал чорабинии идона ташкил ва баргузор намуд.

Маросими ботантанаро Сафар Сафаров – Консули генералӣ бо суханони табрикотӣ ҳусни оғоз бахшида бо шукргузорӣ аз Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва осоиштагии мардуми шарафманди тоҷик, саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи кишвар, қадршиносии хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохиливу хориҷии Ватани азизамон суханронӣ намуда, ҳозирин ва ҳамватанони муқими минтақаҳои марбут ба ҳавзаи консулиро табрику таҳният намуд.

 Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии идонаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонони расмии кишвари иқомат, роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳрҳои болозикр ва донишҷӯён – муҳасилини макотибии олии шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск ва Тюмен  ширкат варзиданд.

Ҳамзамон, ҳунармандон, санъаткорон ва ҳавасмандони санъати тоҷик аз ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони ҳавзаи консулӣ бо барномаҳои ҷадид ва идонаи хеш баромад намуда, бо пешкаши савту навои дилнишин фарҳанги куҳани тоҷикро муаррифӣ намуданд. Дар ин чорабини муҳим корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – Мирҷамол Ҳошиимов ва роҳбарону фаъолони ташкилотҳои тоҷикон – Мастибегим Ошурбекова, Хушвахт Айдаров, Абдулло Каримов, Исломиддин Раҷабов ва Ҷалолиддин Муинов ҳозиринро бо ин санаи фархунда, ки барои ҳар як фарди тоҷик азизу муқаддас ба ҳисоб меравад, табрик намуда, доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият таҳти раҳнамоиву роҳбарии оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфтанд.

Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 08.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00