Таҷлили Иди байналхалқии Наврӯз

30.03.2016

Таҷлили Иди байналхалқии Наврӯз

(Наврӯз-2016)

Рӯзи 30-юми марти соли ҷорӣ дар Қасри ҷавонони шаҳри Екатеринбург бо ибтикори Консулгарии генералӣ ва дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони минтақаи федералии Урал Иди байналхалқии Наврӯз дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург мӯҳтарам Сафар Сафаров бо суханони табрикотӣ ба барномаи наврӯзӣ ҳусни оғоз бахшид. Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни тоҷик – муҳасилини макотиботи олии шаҳри Екатеринбург бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ бо намоишҳои махсуси театрикунонишуда бахшида ба таҷлили ҷашни баӣналхалқии Наврӯз баромад намуданд.

Ҷашни баӣналхалқии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса, бо оростани дастархони идонаи ҳафт сину ҳафт шин ва бо иштироки меҳмонон –  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Екатеринбург ва намояндаи Маъмурияти шаҳри Екатеринбург таҷлил гардида, фарҳанги бою анъанаҳои миллӣ ба меҳмонони воломақом ва шаҳрвандони кишвари иқомат ҷиҳати эҷоди симои накӯи ватани азизамон – Тоҷикистон бо баргузор намудани намоишҳо ва чорабиниҳои махсусгардонидашуда муаррифӣ карда шуд.

Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 08.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00

----------------------------------------------

----------------------------------------------

----------------------------------------------

----------------------------------------------

----------------------------------------------