Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик – муҳасилини макотиби олии шаҳри Екатеринбург

23.04.2016

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик – муҳасилини макотиби олии шаҳри Екатеринбург

 

Рӯзи 22-юми апрел бо ибтикори Консулгарии генералӣ вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик – муҳасилини макотиби олии шаҳри Екатеринбург дар Донишгоҳии федералии Урал ба номи Президенти якуми Россия Б. Елтсин баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ оид ба мавзуҳои мухталиф дар робита ба сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос, сатҳи маърифатнокӣ ва дигар масоили марбут ба таҳсил ва ҳаёти маишии донишҷӯён, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус ва доимӣ дода мешавад, сӯҳбат доир гардид.

Ҳамзамон, ба донишҷӯён роҷеъ ба маъракаи муҳими сиёсии кишвар –раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22-юми май баргузор мегардад маълумот расонида, қайд карда шуд, ки тағйиру иловаҳо ба таҳким бахшидани равандҳои демократикунонӣ, низоми бомуваффақияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва риояи бечуну чарои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеаи мутамадин нигаронида шудаанд.

Донишҷӯён – иштирокчиёни фаъоли вохӯрӣ низ фикру андешаҳои худро оид ба маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ, аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмин намудани шароити фароҳам ҷиҳати таҳсил дар хориҷи кишвар баён карда, қавл доданд, ки аз олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, хираду маърифат, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарси ибрат гирифта, бо сатҳи баланди хештаншиносӣ ба миллату Ватани азизамон – Тоҷикистон содиқ мемонанд.

Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 09.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00

----------------------------------------------

----------------------------------------------

----------------------------------------------

----------------------------------------------

----------------------------------------------