Вохурӣ бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва тоҷикони фаъоли ҳавзаи консулӣ Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

23.05.2016

Вохурӣ бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва тоҷикони фаъоли ҳавзаи консулӣ

Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Санаи 21-уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Консулгарии генералӣ вохурӣ бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони минтақаҳои марбут ба ҳавзаи консулӣ – аз шаҳрҳои Хабаровск, Красноярск, Новосибирск, Нижневартовск, Екатеринбург, Тюмен, Челябинск, Чита, Улан-Удэ, Якутия, Новокузнетск, Иркутск, Благовешенск, Омск, Томск, Магнитогорск ва Кемерово ташкил ва баргузор гардид.

Дар ин вохурӣ ва дидорбинӣ бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон оид ба вазъи кору зиндагии ҳамватанонамон дар шаҳрҳои номбурда маълумот ироа гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳо сӯҳбатҳо доир гардид. Ҳамзамон, ҳозирин бо маърузаҳо баромад намуда аз ғамхориҳо ва дастгириҳои саривақтии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамватанонамон дар хориҷи кишвар ва оид ба раҳнамоиҳо, сиёсати оқилона ва муваффақонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фикри хешро баён намуданд.

Ҳамаи роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ҳамроҳии ҳамватанони фаъоламон аз ҳавзаи консулӣ санаи 22-уми май дар Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон»  иштироки фаъолона доштанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид бо мақсади таъмини иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раъйпурсии умумихалқӣ дар бинои Консулгарии генералӣ Участкаи раъйпурсии №73 «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил гардида, дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯён, роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони ҳавзаи консулӣ бо дарки масъулият, сатҳи баланди хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ фаъолона ширкат варзида, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо истифода аз ҳақи конститутсионии худ, саҳми арзанда гузоштанд.

Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 08.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00

----------------------------------------------

----------------------------------------------

----------------------------------------------

----------------------------------------------

----------------------------------------------