Намоиши ҳунарҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 04-уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Консулгарии генералӣ ва дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии “Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон “Сомон” дар боғи истироҳатии “Таганская слобода”-и шаҳри Екатеринбург бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии фарҳангу анъанаҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик намоиши ҳунарҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ бо ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар халқиятҳо ва иштироки меҳмони олиқадри вилояти Свердловск бо роҳбари Губернатор Е.В. Куйвашев ташкил ва баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар намоиши болозикр барномаи варзишӣ аз ҷумла: гуштини миллӣ, волейбол, футбол, бандкашӣ ва гайраҳо ташкил ва баргузор карда шуд.
Қобили зикр аст, ки чунин намоиш ва барномаҳо дар шаҳри Новокузнетски вилояти Кемерово низ бо раҳнамоии бевоситаи Консулгарии генералӣ ва дастгирии Ҳокимияти шаҳри Новокузнетск дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Дустии халқҳои тоҷику рус” баргузор гардида, ҷиҳати эҷоди симои накуи Ватани азизамон ба шаҳрвандони кишвари икомат пешниҳод карда шуд.