25 солагии Истиқлолияти давлатӣ

13.09.2016

 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ

Консулгарии генералӣ санаи 8-уми сентябри соли ҷорӣ дар тарабхонаи «Космос» зиёфати расмӣ – чорабинии муҳими сиёсӣ-фарҳангӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати шахсони воломақоми кишвари икомат ва намояндагиҳои дипломатии кишвари муқим ва инчунин донишҷӯёну шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои марбут ба ҳавзаи консулӣ – минтақаҳои федералии Урал, Сибир ва Шарқи Дур кору иқомат менамоянд, бо тантанаҳои идона ва ба таври сазовор ташкил ва баргузор намуд.

Бояд қайд намуд, ки макони баргузории чорабинии тантанавии идона бо мусаввараҳо, нақшу нигор, китобҳои пурарзиш ва дигар дастовардҳои инъикоскунандаи пешрафту тараққиёти даврони Истиқлолият ва анъанаҳои миллӣ-тоҷикӣ оро дода шуда, санъаткорон – тоҷикони муқими кишвари иқомат бо истифода аз асбобҳои миллӣ оҳангу сурудҳои ифодакунандаи ватандӯстиву ватанпарвариро сароида фазои идонаро боз ҳам рангину дилнишин сохтанд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург мӯҳтарам Сафар Сафаров пас аз садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, қайд намуд, ки дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолии Ватани азизамон бо роҳбариву раҳнамоиҳо ва  сиёсати оқилонаву муваффақонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои кулӣ ба амал омадаст. Аз ҷумла дар самти сиёсати хориҷии кишвар низ пешравиҳои назаррас ба вуқуъ пайваст. Махсусан соли 2004 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва  илмию фарҳангӣ ба имзо расид, ки то имрӯз дар робитаҳои судманди дуҷониба таъсири муфид мерасонад.

Маврид ба зикр аст, ки Консулгарии генералӣ ба зиёфати расмӣ шахсони воломақом - Губернаторҳои вилояту кишварҳои минтақаҳои ҳавзаи консулӣ, Ҳукумати вилояти Свердловск, Маъмурияти шаҳри Екатеринбург, ҳамаи вазорату идораҳои вилояти Свердловск ва намояндагони ВАО-ро даъват намуд.

Ҳамзамон, барои табрикоти мардуми шарафманди тоҷик бо суханони табрикотӣ Вазири муносибатҳои байналхалқӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷии вилояти Свердловск ҷаноби Соболев Андрей Олегович аз номи Ҳукумати вилояти Свердловск ва шахсан аз номи Губернатори вилояти Свердловск – Куйвашев Евгений Владимирович, Роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Екатеринбург – Шамсутдинов Рамил Рашитович ва Фармондеҳи қушунҳои Минтақаи ҳарбии марказӣ – Заруднитский Владимир Борисович баромад намуда, ҳамкориҳои дӯстонаро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатбахш ва саривақтӣ номиданд.

Қисми фарҳангии чорабинӣ барои меҳмонон боз хам хотирмону ҷолибтар сурат гирифт. Сурудҳои дилнишини аҳли ҳунар ва рақсхои мавзуни гулдухтарони тоҷик шодиву нишоти идонаро ҷилло дода писанди ҳамагон гашт. Чорабинии мазкур бори дигар фарҳанги баланди миллати тоҷикро миёни меҳмонон, ки аксари онҳо намояндагони расмии дигар кишварҳо дар шаҳри Екатеринбург буданд, дар сатҳи сазовор муаррифӣ кард.

Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 09.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00

----------------------------------------------

----------------------------------------------

----------------------------------------------

----------------------------------------------

----------------------------------------------