Главная / Новости / Ҷашнгирии Наврӯз 2019

Ҷашнгирии Наврӯз 2019

01.04.2019

Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳавзаи консулӣ.

 

Бо ибтикори Консулгарии генералӣ ва дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва донишҷӯёни ҳавзаи консулӣ, чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни байналхалкии Наврӯз баргузор гардид. Ҳамин тавр Наврӯзи оламафруз дар шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск, Тюмен ва донишгоҳҳои ҳавзаи консулӣ аз ҷумла Донишгоҳи Федералии Урал ҷашн гирифта шуд. Гушаҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои  мардумии тоҷикон, маълумот оид ба минтақаҳои сайёҳии кишварамон, инчунин хурокҳои миллӣ пешкаши иштирокдорон гардид.

Дар чорабинии идона роҳбарони муассисаҳои консулӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони ҳукумати вилояти Свердловск ва мақомоту идораҳои давлати, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони кишвари иқомат, донишҷуён ва ҳамватанонамон, ки дар ҳавзаи консулии кишвари иқомат қарор доранд, иштирок варзиданд.

Ибтидои барнома аз суханони табрикотии Консули генерали ва намояндагони расмии вилояти Свердловск ба муносибати фарорасии ин иди таърихӣ ва муҳими тоҷикон оғоз гардида, баъдан намоиши барномаи идона иборат аз эҷодиёти халқ ва фарҳанги миллии тоҷикон, рақсу тарона, адабиёт ва аксу мазараҳои сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳавасакорони санъати тоҷик - аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари иқомат кору зиндагӣ доранд ва ҳамчунин донишҷуёни тоҷики  макотиби олии ҳавзаи консулӣ, барномаи рангин ва ҷолиберо аз таърихи пайдоиши Наврузи аҷам ва таҷлили он аз ҷониби ниёконамон, фарҳанги нобу ғани ва асилу нотакрори тоҷиконаро пешкаши ҳозирин намуданд. Мардуми тоҷик Наврӯзи аҷамро ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои миллӣ ҷашн мегирифтанд ва имруз ин ҷашни бузург бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ва талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми расмиро касб намуда, дар саросари олам таҷлил мегардад.    

Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 08.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00