ЭЪТИРОФ. ДАР АВРУПО ҲАМ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ БУДАНИ ҲНИ-РО ДАРК КАРДАНД

19.09.2018

ЭЪТИРОФ. ДАР АВРУПО ҲАМ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ БУДАНИ ҲНИ-РО ДАРК КАРДАНД


Аз тамошои ҳамоиши солонаи САҲА дар Варшава оид ба ҳуқуқи инсон чанд бардошт ҳосил шуд. Аз қабл ин нишаст ва, бахусус, дар масъалаи ҳузури аъзову роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва иштироки ҳайати Тоҷикистон сарусадоҳои зиёд ба вуҷуд омада буд. Ин воқеист, зеро акнун дар худи САҲА ҳам ба ин нукта сарфаҳм рафтанд, ки ғарази ҲНИ аз иштирок дар нишаст чисту Ҳукумати Тоҷикистон чи ҳадафҳо дорад. Аммо он чи ки дар ҷараёни баргузории ҷаласа мушоҳида шуд, баёнгари он аст, ки ҲНИ дар воқеъ, дар Аврупо ҳам ба унвони як ташкилоти тахрибкор эътироф гардидааст. Қабл аз он ки ба тафсири ин нукта пардозем, чанде аз ин мушоҳидаҳоро зикр месозем: 1. Масъулони САҲА дар рафти ҷаласа намояндагони ТТЭ ҲНИ - ро маҳз барои бетартибӣ (аксбардориҳои беиҷозат, гуфтугӯи баланди байниҳамдигарӣ, бемаврид иваз кардани ҷойи нишасти худ, банд кардани ҷои нишасти намояндагони дигар кишварҳо) аз толор берун карданд. 2. Маҳз барои пешгирӣ аз рафтори бадахлоқонаи наҳзатиҳо ODIHR – Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ки масъули ташкили ин конфронс аст, дар муқаррароти баргузории ҷаласа тағйирот ҷорӣ кард. Аз ҷумла, Кодекси рафтор қабул шуд, ки ташкили намоишҳои эътирозӣ, пикет ва раҳпаймоиҳоро иҷозат намедиҳад, ё маҳдуд мекунад. Баъди ин, наҳзатиҳо бо гирифтани огоҳӣ ба толор баргаштанд ва дар ҳолати такрор минбаъд умуман ба ҷаласа роҳ дода намешаванд. 3. Ҳангоми баромадҳои Шарофиддин Гадоев, Сайдалӣ Ашӯров, Илҳомҷон Ёқубов, Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, ки ҳама суханҳои якдигарро такрор карда, тартиб додани рӯйхати ба истилоҳ “Магнитский”, ҷорӣ кардани таҳримот нисбат ба мансабдорони сатҳи болоии Ҳукумати Тоҷикистон, “таъқиб шудани худашону дигарандешон”, набудани озодии баён ва ғайраро аз ҷониби мақомот иброз медоштанд, модератори ҷаласа, чандин маротиба ҳарфи онҳоро бурида, талаб кард, ки “нисбат ба ҳукумат зиёдагӯӣ ва муболиға накунед”, “бо далелҳои воқеӣ сухан кунед”. 4. Вақте худи Кабирӣ мехост таваҷҷуҳи ҷаласаро ба теракт дар Данғара нисбат ба сайёҳони хориҷӣ ҷалб кунад ва таҳқиқи қазияро аз нав тақозо кард, модератори ҷаласа ошкоро сухани ӯро бурид ва таъкид кард, ки “мавзӯи баҳс дигар аст ва аз он берун наравад”. 5. Дар ҷараёни баҳсу баррасиҳо маълум гардид, ки САҲА фиреби дигари наҳзатиҳоро низ фаҳмидааст. Бархе масъулони ин созмон ишора карданд, ки ба ном эътилофи “Паймони миллии Тоҷикистон”дар асл, ин ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки бо иваз кардани ном дар дигар шакл зуҳур кард. Яъне, ҳамаи ба ном се созмоне, ки ба ҲНИ пайвастаанд, аслан, аз ҷониби наҳзатиҳои пешин таъсис ёфтаву ба қайд гирифта шудаанд. Зикри ҳолатҳои монанд ба инро метавон идома дод. Аммо ҳаминаш кофист, хулоса шавад, ки дигар касе ба афсонаҳои ҲНИ бовар намекунад. Охирин созмоне, ки ин ташкилоти террористӣ ба унвони “даргоҳи умед” муносибат мекард, САҲА буд, ки ҳамакнун дида мешавад, воқеияти будани ҲНИ дар Аврупо ва муроҷиату дархостҳояш ба ин созмонро дарк кардааст. Вақте гап сари “афсонаҳои ҲНИ” рафт, қабл аз ҳама, суҳбатҳои такрор ба такрори аъзову роҳбарони ин ташкилоти мамнӯъ пеши назар меояд, ки бо беасос буданашон аллакай барои ҷомеаи Тоҷикистон маълум аст. Маъмулан, “муболиға” – ин, яъне дурӯғ гуфтан аст. Аз лиҳози дипломатӣ намешуд, ки масъули САҲА худро ба сатҳи Кабирӣ ё ким-кадом подабони дигари дар паҳлӯи ӯ нишаста фарораду гӯяд, “дурӯғ нагӯед”. Бинобар ин, вақте гуфт, “муболиға накунед”, Кабирӣ аз шарми ин, ки дурӯғашро гӯш кардан намехоҳанд, ноҳинҷору хиҷолатзада шуд. Воқеан, шармандагӣ наметавонад аз ин зиёд бошад. Ё вақте гап сари теракти сайёҳони хориҷӣ дар Данғара рафт, чаро аврупоиёне, ки ин ҷо шаҳрвандонашон террор шудаанд, нахостанд Кабириро гӯш кунанд? Агар хоҳиш медоштанд, гӯш мекарданд, аммо азбаски дар ин мавзӯъ суҳбат кардани Кабирӣ барои касе ҷолиб набуд, рӯирост гуфтанд, ки “аз мавзӯъ набаро”. Яъне, аввал ин ки нишасти САҲА марбут ба ҳуқуқи инсон аст ва наҳзатиён бояд дар мавриди вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо факт суҳбат кунанд. Кабирӣ ҳам, ки барои пӯшондани айби худ далеле надорад, хост самти суҳбатро дигар кунад. Аммо ин макраш нагузашт. Дувум, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ кайҳо медонанд, ки теракт дар Данғара маҳз кори дасти наҳзатиён буд. Бигзор гузориши мақомоти тоҷик не, аммо таҳқиқоту омӯзишҳое, ки ВАО-и пешбари ҷаҳон оид ба ин ҳодиса нашр карданд, таҳлилгарону ҳуқуқдонҳои САҲА-ро водор кунанд, ки ба дурустии мавқеи Тоҷикистон шак надошта бошанд. Тоҷикистон ҳеҷ вақт манфиатдор нест, ки шаҳрвандонаш дар Аврупо террористу экстремист муаррифӣ шаванд, аммо ҳамзамон, наметавонад воқеиятро нодида гираду ба зиндагии ҳазорҳои дигар хатар таҳдид кунад. Ин воқеият аст, ки Кабириву пайравонаш доғе ба рӯи Тоҷикистонанд. Бинобар ин, ба хотири шустани доғу пешгирии хатар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ истода, ба зарурати мубориза бар зидди ТТЭ ҲНИ ва мубаллиғону сарпарастонаш даъват мекунад. Инро бояд бипазирем, вагарна ин саратон метавонад ба ҷони ҳар яке аз мо таҳдид кунад.

Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 08.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00