Н А В Р Ӯ З – 2 0 1 8

25.03.2018

Н А В Р Ӯ З – 2 0 1 8

 

Бо ташаббуси Консулгарии генералӣ ва дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони ҳавзаи консулӣ санаи 25-уми марти соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Екатеринбург – “Железнодорожный” ҷашни байналхалқии Наврӯз ташкил ва баргузор гардид.

Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз барои иштироккунандагон ва меҳмонони воломақоми кишвари иқомат намоиши ҳунарҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд. Дар чорабинии мазкур бо мақсади муаррифии сазовори Ватани азизамон – Тоҷикистон дар баробари намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин аксҳо бо ишораи рамзи Наврӯз, табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва дастовардҳои назарраси кишвари маҳбубамон, китобҳо оид ба таърих ва фарҳанги ғании миллати тоҷик, барномаи консертӣ ва маводҳои таблиғотӣ доир ба рушди сайёҳии кишвар ба маърази иштироккунандагони ҷашнвора манзур гардид.

Дар таҷлил ва баргузории Наврӯзи хуҷастапай ҳамаи фаъолон ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони минтақаҳои марбут ба ҳавзаи консулӣ аз шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск, Магнитогорск, Тюмен, Нижневартовск, Ханти-Мансийск, Сургут ва донишҷӯёни тоҷик аз макотиби таҳсилоти олии шаҳри Екатеринбург фаъолона ширкат намуда, бо пешниҳоди барномаҳои фарҳангии омоданамудаи хеш ва ҳунарҳои мардумии тоҷикони муқими  кишвари иқомат ҷашнвораи мазкурро боз ҳам рангину дилчасп ва мавриди писанди ҳозирин гардониданд.

Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 08.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00