Наврӯзи оламафрӯз

31.03.2017

Наврӯзи оламафрӯз

 

Консулгарии генералӣ санаи 30-юми марти соли ҷорӣ дар Қасри ҷавонони шаҳри Екатеринбург дар ҳамкорӣ бо фаъолон ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳрҳои Сургут, Тюмен, Нижневартовск, Лангепас, Магнитогорск, Курган, Челябинск ва Екатеринбург Наврӯзи оламафрӯзро баргузор намуд.

Бо суханони табрикотии наврӯзӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург мӯҳтарам Сафар Сафаров ба барномаи наврӯзӣ ҳусни оғоз бахшид.

Маврид ба зикр аст, ки ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ҳамроҳ бо ҳаваскорони санъати тоҷик – тоҷикони муқими кишвари иқомат дар минтақаи федералии Урал,  ба ин чорабинии муҳими фарҳангӣ ташриф оварда, дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни тоҷик – муҳасилини макотиботи олии шаҳри Екатеринбург, Челябинск ва Тюмен бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ ва бо намоишҳои махсуси театрикунонишуда бахшида ба таҷлили ҷашни баӣналхалқии Наврӯз баромад намуданд.

Ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз меҳмонони воломақоми ҳавзаи консулӣ: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск, роҳбарияти Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Екатеринбург, намояндаи Маъмурияти шаҳрдории шаҳри Екатеринбург ва намояндагони корпуси дипломатии кишвари иқомат ташриф оварда, аз оростани дастархони идонаи ҳафт сину ҳафт шин, ки муаррификунандаи фарҳанги бою анъанаҳои миллӣ мебошад ва баргузории Ҷашни байналхалқии Наврӯз таваҷҷӯҳи хоса намуданд.

Барои меҳмонони воломақом ва шаҳрвандони кишвари иқомат ҷиҳати эҷоди симои накӯи ватани азизамон – Тоҷикистон ва барои боз хам хотирмону ҷолибтар таҷлил намудани Ҷашни байналхалқии Наврӯз, рақсҳои мавзуни ҷавонону гулдухтарони тоҷик ва сурудҳои дилнишини аҳли ҳунар  шодиву нишоти идонаро ҷилло дода писанди иштирокчиёни ҷашни наврӯзӣ гашт. Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бори дигар баёнгари фарҳанги ғаниву қадимаи баланди миллати тоҷик ҳамчунин гиромидошти расму оин ва санъати волои ниёгонамон гардид. 


Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 08.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00