Таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург

11.09.2018

Таҷлили Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург

 

Санаи 7-уми сентябри соли ҷорӣ дар тарабхонаи “Космос”-и шаҳри Екатеринбург, ки дар соҳили дарёи Исет ҷойгир шудааст, бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси муассисаи консулӣ  зиёфати расмӣ барпо гардид.

Чорабиниро Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Сафар Сафаров бо суханронии табрикотии хеш ҳусни оғоз бахшид. Зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, то мардуми Тоҷикистон ба арзишҳои миллӣ рӯ оваранд. Мояи ифтихор аст, ки Ватани азизамон – Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбариву раҳнамоиҳо, кӯшишу ғайрат ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суи фардои дурахшон устуворона қадам мегузорад. Ин ба рушди давлатдории миллӣ ва пешрафти ҷомеаи мутамаддин такони ҷиддӣ бахшида, барои мардуми шарафманди тоҷик неъмате муқаддас ва азиз ҳисоб меёбад. Ҳамзамон қайд намуданд, ки  ҳимоя ва пос доштани Истиқлолияти давлатӣ қарзи ҳар шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Зеро рушди давлат ба истиқлолияту озодӣ вобаста аст.

Дар чорабинӣ меҳмонони олиқадри ҳавзаи консулӣ аз қабили Намондаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Екатеринбург, Президенти Палатаи савдо ва саноати Урал, мақомоти қонунгузори вилояти Свердловск – “Законодательное Собрание”, намояндаи ҳукумати шаҳри Екатеринбург ва корпуси дипломатӣ ширкат варзида, мардуми шарафманди тоҷикро аз номи Намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Россия дар Округи федералии Урал ва Губернатори вилояти Свердловск бо ин иди фархундаю фараҳбахш табрику таҳният намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ба ин лаҳзаҳои идона ҳамаи роҳбарон, фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, тоҷикони муқим ва донишҷӯёни муҳасилини макотиби олии минтақаҳои марбут ба ҳавзаи консулӣ бо пешниҳоди барномаҳои фарҳангии миллӣ фаъолона иштирок намуданд.

Барои меҳмонони зиёфати расмӣ имкон фароҳам оварда шуд, ки бо гӯшаи китобҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳо оид ба таърих ва фарҳанги ғании миллати тоҷик, инчунин намунаҳои сӯзаниҳои тоҷикӣ ва нақшу нигори дигари миллӣ шинос шаванд.

 

Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 08.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00