Главная / Новости / ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ҶОМЕА НАБОЯД БЕТАРАФ БОШАД!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ҶОМЕА НАБОЯД БЕТАРАФ БОШАД!

10.12.2018

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ҶОМЕА НАБОЯД БЕТАРАФ БОШАД!


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Яке аз омилҳои то рафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад».

Қобили тазаккур аст, ки дар шароити кунунӣ намудҳои гуногуни ифротгароӣ аз худ дарак додаанд, ки дар байни онҳо ифротгароии динӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Мақсади онҳо зӯран ғасб намудани ҳокимият, ба мафкураи мардум ҷой намудани идеологияҳои мазҳабии худбофтаву худсохта, ноором кардани вазъ ва амнияти кишвар, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ дар ҷомеа равона шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи ифротгароёни динӣ барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ҷомеа аст. Ин гунна ашхоси ифротӣ аз иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат канораҷӯӣ намуда, ба ягон амали нек ва меҳнати ҳалол кор намегиранд. Баръакс, онҳо дар паноҳи баъзе қувваҳо ба айбҷӯйиву дасисакорӣ даст мезананд. Зери шиорҳои бофтаву хаёли фиребандаи худ ба амалҳои низоангезӣ ва тундгароӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи “қаҳрамонӣ”, “фидокорӣ” ва “хизмат ба дин” анҷом медиҳанд. Бо ин роҳ мехоҳанд ба мақсадҳои нопоки худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд.

Мувофиқи таҳлилҳои коршиносон ва мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони аз 16 то 30-сола ва дар маҷмӯъ, иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гунна зуҳурот давлат, миллат, дин ва дигар муқаддасот аҳамият надоранд. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва муборизаи зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Гарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳи ҷомеаи осудаи моро зарур аст, ки алайҳи ҳама гуна равандҳои харобкор муқовимат карда, дар пойдории сулҳу ваҳдати комил саҳмгузор бошанд. Зеро, танҳо мавқеи устувор дар баробари ҷараёнҳои номатлуб ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоии мамлакат афзуда, фазои зиндагии моро аз таҳдиди хатарҳо эмин медорад.


МАСРУР УМАРОВ,

КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 08.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00