ТТЭ ҲНИ ВА ҒАРАЗҲОЕ, КИ ЗЕРИ НИҚОБИ ИСЛОМ ПӮШИШ ДОДА МЕШАВАНД

06.09.2018

ТТЭ ҲНИ ВА ҒАРАЗҲОЕ, КИ ЗЕРИ НИҚОБИ ИСЛОМ ПӮШИШ ДОДА МЕШАВАНД

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Таҳдиду хатарҳои ТТЭ ҲНИ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар конфронс роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сафоратҳои 20 кишвари хориҷӣ дар кишвар, олимону пажӯҳишгарон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар оғози конфронс ба таваҷҷуҳи иштирокчиён филми мустанади «Бозгашт ба ҷаҳаннам», ки асоси хотираҳои яке аз муассисони ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ Айёмиддин Сатторов таҳия гардидааст, пешниҳод шуд. Қаҳрамони филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» Айёмиддин Сатторов доир ба ҳадафҳои ғаразноки ТТЭ ҲНИ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии он, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози назар намуда, бо далелҳо таъкид кард, ки фаъолияти ТТЭ ҲНИ аз аввал бо мақсадҳои нопоки худ ноором гардондани авзои сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон, ба даст овардани мансаб, пулу мол ва сарват аст. Ӯ дар филми мазкур оид ба куштори чеҳраҳои саршиноси тоҷик аз ҷониби аъзои ҳизби террористӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо дастури хоҷагони хориҷӣ амалӣ шудааст, нақл кард. Дар филм А. Сатторов, иқрор кард, ки аз амалкарди худ пушаймон аст, зеро ба қавли ӯ, ҳадафҳои ТТЭ ҲНИ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ғаразнок буда, зери ниқоби дини мубини ислом амал менамоянд.
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронии худ изҳор намуд, ки имрӯз дар натиҷаи амалҳои террористӣ чандин кишварҳои мутараққӣ, ба хуну хок кашида шуданд. «Агар дар ҷомеа мардумро ба гурӯҳу ҳизбҳои исломиву ғаразнок тақсим кунанд, оромӣ ва адолате, ки асоси ислом аст, аз байн хоҳад рафт ва агар инсон исломро софдилонаю беғараз истифода кунад, саодатманд аст, агар не ҳаёти худро тираву тор месозад».
- Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ роҳбари вақти ҳизб дар мулоқоте бо гурӯҳи ҳазорнафараи донишҷӯёни наҳзатӣ дар бораи натиҷаи гуфтушунидҳо бо Ҳукумати ҷумҳурӣ чунин изҳори ақида кард: «Мо сулҳи ҳасанӣ кардем, шумо барои ҷангҳои ҳусайнӣ дар «Ҷумҳурии Исломии Тоҷикистон» омода бошед». Ҳамин аст, то ҳанӯз шиори ин ҳизб ва дигар ҳам нахоҳад шуд. Аъзои он ҳар ҷое бошанд саъй мекунанд, то умури идораи минбари масҷидҳо дар ихтиёрашон бошад. Масалан, моҳи апрели соли равон дар яке аз намозхонаҳои шаҳри Варшава «Прега Рум», ки дар ихтиёри салафиёни такфирӣ ва ҷиҳодии аз Русия фироркардаи Осиёи Марказӣ қарор дошт, байни салафиҳо ва наҳзатиҳои тоза воридшуда барои имомхатибӣ задухӯрд ба амал омад. Неруҳои қудратии шаҳр ба ин ҳодиса дахолат карда, вазъиятро ором карданд ва ба наҳзатиҳо оид ба ин рафторашон ҳушдори ҷиддӣ доданд. Имрӯз зарурати он пеш омадааст, ки ба насли ҷавон воқеъбинона оид ба таърихи пайдоиш ва хиёнатҳои ин ҳизб маълумоти фарогир дода шавад, - илова кард Файзулло Баротзода, директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Дар охири конфронс иштирокчиён, ҳамчунин, дигар паҳлуҳои манфури фаъолияти ТТЭ ҲНИ - ро тавзеҳ дода, қайд намуданд, ки дар шароити кунунӣ, ҷомеаи Тоҷикистон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Хусусан, ҷавонон фирефтаи мак-ру ҳиллаи роҳбарону намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ нагарданд ва дар таъмини амният, сулҳу оромии кишвар, нақши муассир гузоранд.

Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 08.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00