Вохӯриҳои намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбург

25.10.2017

Вохӯриҳои намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбург

Аз 20 то 23-уми октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар партави роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоту суханрониҳои Пешвои миллат бармеоянд ва ҳамзамон ҷиҳати тарғибу ташвиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Ҳамдамов Бахтиёр Ортуқович-сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ” ва Шарипов Маҳмадаюб-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён вохӯриҳо бо  муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои марбут ба ҳавзаи консулӣ кору иқомати муваққатӣ доранд, баргузор гардид.­

Санаи 21-уми октябр якчанд вохуриҳои якҷояи Консулгарии генералӣ, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Округи федералии Урал ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳамватанонамон гузаронида шуд.

Нахуст вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар толори муассисаи консулӣ оғоз гардида, минбаъд дар “Овощебаза №4”-и шаҳри Екатеринбург ва маҷмааи “Экономаркет” давом ёфт. Дар рафти вохуриҳо оид ба саривақтӣ ва манфиати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мавзуи пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби ҷалби ҷавонони гумроҳшуда аз ҷониби гуруҳ ва ташкилотҳои ифротгаро маълумот ироа гардид. Бахтиёр Ҳамдамов-сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ” дар ҳузури ҷамъомадагон қайд намуд, ки қонуни мазкур даҳ сол пеш қабул шуда буд ва имрӯз мусаллам гардидааст, ки мақсад ва  талаботи қонуни мазкур бевосита барои ба танзим даровардан, пешгирии хароҷотҳои зиёд ва исрофкориҳо дар баргузории маъракаҳо ва дар натиҷа баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар равона шудааст.

Инчунин оид ба мавзуҳои дигар ба хусус роҷеъ ба зарурияти риояи муқаррарот ва қонунҳои амалкунандаи кишвари иқомат ҷиҳати будубош ва суолҳои дигари марбут ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандонамон дар қаламрави Федератсияи Россия, сӯҳбатҳои муфассал доир гардид.

Дар вохӯриҳои баргузоргарида муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои бузургу беназир ва ғамхориҳои мунтазами Сарвари муаззами давлатамон нисбати ҳамватанони бурунмарзӣ ёд намуда, аз баргузории чунин мулоқотҳои судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Поиск по сайту

Краткая контактная информация

620107 г. Екатеринбург, ул.Гражданская, д.2 "А"
Тел.: +7 (343) 370-23-60
Факс: +7 (343) 370-23-62
E-mail: tajconsek@mfa.tj

Время работы

Приём документов:

Пн-Пт. с 08.00 до 12.00

Выдача документов:

Пн-Пт. с 13.00 до 17.00